понедельник, 21 сентября 2015 г.

ЭЪТИМОД БА ШИФОКОР
Маркази саломатии чамоати дехоти Ѓозиёни нохияи Бобочон Ѓафуров дар мавзеи хушманзара воќеъ аст. Хар рўз ба ин дармонгох беморону ниёзмандони зиёд мурочиат мекунанд. Бисёрамон аз хизмату офиятбахшии табиби оилави Абдулаким Чўраев бархурдор мешаванд. Корафтодагон аз ин табиби хозиќ хамеша шоду мамнун хастанд.
Мавсуф хатмкардаи Донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абўали ибни Сино аст, фаъолияти мехнатиашро аз соли 1971 тариќи роххат дар беморхонаи клиникавии вилояти оѓоз намуд, сипас дар беморхонаи марказии нохияи Бобочон Ѓафуров хамчун духтури чаррох идома дод.
Бо таъсис ёфтани маркази саломатии дехаи Ѓозиён соли 1973 дар ин муассиса мудири шўъба таъин гардид.
Аз мактаби Абдулаким Чўраев дар давраи фаъолияташ бисёр шогирдон бахра бардоштаанд. Абдухаким Валичонов, Ёќуб Ганиев, Юсуф Ѓаниев, Миркамол Домуллочонов ва чанде дигарон, ки дар чодаи пизишки комёб шудаанд, аз устодашон миннатдоранду ифтихор мекунанд.
Дар хучраи кории табиб Абдулаким Чўраев бисёр адабиётхо доири касалихои гуногун мавчуд аст, ба кормандон хамеша барои истифода пешниход менамояд.
Ин марди некхирад сохиби се нафар фарзанд мебошад, писараш Бахтиёр Чўраев дар пайравии падар аз пайи касби табиби рафтааст. Хизматхои арзандаи Абдулаким Чўраев дар хифзи саломатии хамдиёрон шоиста арчгузори шудааст.
Духтури дарачаи оли буда, бо унвони Аълочии тандурустии Чумхурии Точикистон сарфароз гардидааст.
Некхирадон фикри мардум кунанд,
Дурандеши шиори хеш донанд.
Дар фикри мардум будан савоб аст,
Агар корро зи маѓзи чон кунад.
Воќеан хам Абдулаким Чўраев аз зумраи чунин шахсон хастанд.
Бахтиёрхон САЙДАЛИЕВ, хонандаи мактаби миёнаи №20, дехоти Ѓозиёни нохияи Бобочон Ѓафуров


Комментариев нет:

Отправить комментарий