ЭЪТИМОД БА ШИФОКОР
Маркази саломатии љамоати дењоти Ѓозиёни ноњияи Бобољон Ѓафуров дар
мавзеи хушманзара воќеъ аст. Њар рўз ба ин дармонгоњ беморону ниёзмандони зиёд
мурољиат мекунанд. Бисёрамон аз хизмату офиятбахшии табиби оилавї Абдулаким
Љўраев бархурдор мешаванд. Корафтодагон аз ин табиби њозиќ њамеша шоду мамнун
њастанд.
Мавсуф хатмкардаи Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи
Абўалї ибни Сино аст, фаъолияти мењнатиашро аз соли 1971 тариќи роњхат дар
беморхонаи клиникавии вилоятї оѓоз намуд, сипас дар беморхонаи марказии ноњияи
Бобољон Ѓафуров њамчун духтури љарроњ идома дод.
Бо таъсис ёфтани маркази саломатии дењаи Ѓозиён соли 1973 дар ин
муассиса мудири шўъба таъин гардид.
Аз мактаби Абдулаким Љўраев дар давраи фаъолияташ бисёр шогирдон
бањра бардоштаанд. Абдуњаким Валиљонов, Ёќуб Ганиев, Юсуф Ѓаниев, Миркамол
Домуллољонов ва чанде дигарон, ки дар љодаи пизишкї комёб шудаанд, аз устодашон
миннатдоранду ифтихор мекунанд.
Дар њуљраи кории табиб Абдулаким Љўраев бисёр адабиётњо доири
касалињои гуногун мављуд аст, ба кормандон њамеша барои истифода пешнињод
менамояд.
Ин марди некхирад соњиби се нафар фарзанд мебошад, писараш Бахтиёр
Љўраев дар пайравии падар аз пайи касби табибї рафтааст. Хизматњои арзандаи
Абдулаким Љўраев дар њифзи саломатии њамдиёрон шоиста арљгузорї шудааст.
Духтури дараљаи олї буда, бо унвони Аълочии тандурустии Љумњурии
Тољикистон сарфароз гардидааст.
Некхирадон фикри мардум кунанд,
Дурандешї шиори хеш донанд.
Дар фикри мардум будан савоб аст,
Агар корро зи маѓзи љон кунад.
Воќеан њам Абдулаким Љўраев аз зумраи чунин шахсон њастанд.
Бахтиёрхон САЙДАЛИЕВ, хонандаи мактаби миёнаи №20, дењоти Ѓозиёни
ноњияи Бобољон Ѓафуров
Комментариев нет:
Отправить комментарий