Холо сохаи тандурустии нохия дорои пояи чихати моддию техники
рушдёфта буда, барои хизматрасонии хуби тибби, хифзи босамари сихатии сокинони
мукаммал мебошад. Дар худуди нохия 44 муассисахои ташхисию табобати, аз чумла
беморхонаи маркази бо ќисмхои ёрирасони ташхиси, се беморхонаи минтаќави,
маркази саломатии нохияви, 8 маркази саломатии дехот, 10 бунгоххои тибби, 10
нуќтахои фелдшери, 5 марказхои алохидаи сохави амал мекунанд, ки фаъолияти
босамарашон зери назорати маќомоти ичроияи хокимияти давлатии махал ќарор
дорад.
Ваќте дар беморхонаи марказии нохия ба сўхбати табибону аёдати
беморон шурўъ кардани шудем ва донистанд, ки аз рўзномаи «Саломат бошед!» хастем,
дар сахни табобатгох марди миёнаќаде луфтомезона гуфт, ки ба хампешахояш мурочиат
карданист. Худ эчодкор асту аъзои Иттиходихои нависандагон ва рўзноманигорони чумхурсит.
Шинос шудем: Порсо Ѓуфронов, омўзгори литсейи шахраки мехнатобод. Гуфт, ки
духтараш Дилнагез бемории асаб дорад, маъюби гурўхи дуюм. Давоми бист сол аст,
ки зери назари табибон мебошад. Таи ин солхо чихати хизматрасонии тибби ба
духтараш ягон мушкилие аз чониби табибони нохия пеш наомадааст. Бо дорувори
ройгон таъмин мекунанд, кадом ваќте набошад ёри мерасонанд. Мехохад ин нуктаро
дар «Саломат бошед!» таъкид ва тавассути он арзи миннатдориашро ба табибони
дардошно Уктамой Юлдошев, Юсуфчон Нарматов, Умарќул Баротќулов, ких ар лахза
Дилангезро такягох хастанд, расонем. Бо ифшои ин нукта гумон мекунем, муаллими
маъруфи нохияро ба чо овардем.
Комментариев нет:
Отправить комментарий